LIVE

Оморҳои ҷолиб дар бораи дербии Мадрид

Бозии марказии даври 22-юми чемпионати Испания ин рақобати ду дастаи як шаҳр маҳсуб мешавад.   «Реал Мадрид» дар варзишгоҳи  «Сантяго Бернабеу» «Атлетико»-ро истиқбол мегирад.  Дар даври гузашта «Реал» бар тими «Валядолид» ғалаба намуда, баъд аз 100 рӯз дигарбора ба садри ҷадвали умумӣ баромад. Ҳамчунин дар ин мавсим «Реал» дар хонааш то ба ҳол ба шикаст дуҷор нашудааст. «Атлетико Мадрид» бошад, дар холати наонқадар хуб қарор дорад. Бори аввал аз замони роҳбарии Симеоне «Атлетико» дар Ҷоми Испания аз намояндаи лигаи поёнтар шикаст хурд. «Атлетико» дар зинаи панҷуми ҷадвал қарор дорад ва давоми чанд соли охир натиҷаи бади голзаниро ба қайд гирифтааст. Даста дар 21 бозӣ 22 гол задааст. «Реал» ва «Атлетико» дар тули таърих 196-умин бозии расмии худро анҷом медиҳанд.  Бошгоҳи шоҳона дар  102 бозӣ ғалаба намудааст.  48 маротиба  «Атлетико» ғолиб омада, 47 дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ хамт шудааст. Беҳтарин нишонзани дербии Мадрид - Криштиану Роналду бо 22 гол маҳсуб мешавад. Шогирдони Симеоне сар аз соли 2016 дар «Сантяго Бернабеу» ғалаба карда наметавонанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив