LIVE

Беҳтарин футболбози «Атлетико» зидди «Реал» ба майдон намебарояд

Ҳамлагари «Атлетико» - Жоау Фелиш дар даври 22-юми Чемпионати Испания бар муқобили «Реал» майдондорӣ намекунад. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ футболбози португалӣ дар даври гузаштаи мусобиқа бар муқобили «Леганес» (0:0) лат бардошт. Вохӯрии дастаҳои «Реал» ва «Атлетико» рӯзи 1-уми феврал дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» баргузор мешавад. Фелиш аз «Бенфика» бо арзиши  126 млн  € ба «Атлетико» гузариш намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 17 бозӣ гузаронида, ба задани ду гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив