LIVE

Диего Симеоне аз "Атлетико" меравад?

Ба иттилои сомонаи “The Mirror” дастаи  "Атлетико" бо яке аз муваффақтарин мураббии худ - Диего Симеоне хайру хуш мекунад. Роҳбарияти клуби шаҳри Мадрид аз натиҷаи даста дар оғози мавсим розӣ нест. Аз эътимол дур нест, ки  Диего Симеонеро ба истеъфо равона созад.  Ёдовар мешавем, ки "Атлетико" бо 25 имтиёз баъд аз 7 даври Ла-Лига дар зинаи 6-уми ҷадвал мавқеъ дорад. Бошгоҳи "Арсенал", ки дар ҷустуҷӯи мураббии нав аст, ба мутахассиси аргентинӣ мароқ зоҳир намудааст. Интизор аст, ки  "Атлетико"  бо Симеоне қарордоди худро қатъ намояд ва ӯ барои бошгоҳи лондонӣ ройгон ба даст ояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив