LIVE

“ПСЖ” бо зархаридҳои худ имсол низ Лигаи Чемпионҳоро ба даст намеорад

Дар бозии ҷавобии даври ½ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо “Манчестер Сит” дар майдони худ “Пари Сен-Жермен”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Иттиҳод баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум “Манчестер Сити” кушод. Голро Риёд Маҳрез зад. Футболбози алҷазоирӣ баъд аз зарбаи Кевин Де Брюйн дар нуқтаи зарурӣ қарор гирифт ва тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд. Қисмати аввали бозӣ бо як голи соҳибони майдон ба анҷом расид. Дар дақиқаи 63-юм шогирдони Пеп Гвардиола боз як ҳуҷуми барқосо созмон доданд, ки ба он  Риёд Маҳрез нуқтаи ниҳоӣ гузошт. Ин дафъа ба ниммуҳофизатгари алҷазоирӣ  Филипп Фоден кӯмак кард. Дар 69-умин футболбози “ПСЖ” Анхел Ди Мария барои рафтори ғайри варзишиаш корти сурх гирифт. Ба ПСЖ муяссар нашуд, ки дар 90 дақиқаи бозӣ зарбаи дақиқ ҷониби дарвозаи рақибон бизанад.  Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал “ПСЖ” дар майдони худ аз “Манчестер Сити” рӯзи 24 апрел дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” бо ҳисоби 2:1 шикатст хурд.  Дар маҷмӯъ, дастаи Хосеп Гвардиола аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби умумии 4:1 пирӯз шуд ва аввалин финалисти Лигаи Чемпионҳои мавсими солҳои 2020/2021 гардид. Ёдовар мешавем, ки барои роҳхати дуюм дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Челси” мубориза мебаранд. Вохӯрии аввалини ин дастаҳо бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив