LIVE

"Ман Сити" дар "Иттиҳод" шикастнопазир боқӣ мемонад

Дар гурӯҳи С дастаи дар майдони худ тими -ро пешвоз гирифт. Дар варзишгоҳи "Иттиҳод" "Манчестер Сити" бо тими "Порту" бозӣ кард. Нахуст дар дақиқаи 14-уми дидор футболбози дастаи "Порту" – Луис Фернандо Диас ба дарвозаи соҳибони майдон гол зада, дастаашро ба пеш баровард. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 20-ум Серхио Агуэро ба самар расонид. Дар нимаи дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 65-ум ниммуҳофизатгари "Шаҳриҳо" – Илкай Гюндоган ба дарвозаи 'Порту" гол зада, натиҷаро 2:1 кард. Голи охирини дидори дастаҳоро дар дақиқаи 73-юм Ферран Торрес ба самар расонида, ҳисобро 3:1 намуд. Ҳамин тавр, шогирдони Гвардиола бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби 3 хол шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив