LIVE

4 голи “Байер” ба дарвозаи “Вердер”

Дар доираи бозиҳои даври 26-уми Бундеслигаи Олмон  дастаи “Вердер”  дар майдони худ тими “Байер”-ро пазируфт. Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум нимҳимоятгари “Байер” - Кай Хавертс боз намуд.  Баъди 2 дақиқа Теодор Гебре Селасси голи ҷавобиро  вориди дарвозаи бошгоҳи леверкузенӣ намуд.  Дар дақиқаи 33-юм Хавертс ба номаш дубл сабт карда, боз дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61 уми нимаи дуюми вохӯрӣ Митчелл-Элия Вайзер як голи дигарро  вориди дарвозаи мизбонон гардонд. Голи охирини  рақобатро дар дақиқаи 78-ум  бозигари “Байер” Керем Демирбай марбути номи худ сохт. Ҳамин тавр  дастаи “Байер” бо ҳисоби 4 бар 1  пирӯз гардида,  бо касби 50 имтиёз зинаи 5 уми ҷадвали мусобиқотро  ишғол мекуанд. “Вердер” бошад, бо дарёфти 18 хол дар зинаи 17 ҷойгир аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив