LIVE

Ғалабаи навбатии "Арсенал" дар ПЛА

Дар даври 2-юми Премйер Лигаи Англия «Арсенал» бар тими «Вест Хэм Юнайтед» ғалаба ба даст овард. Бози дар варзишгоҳи  «Эмирейтс» доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди соҳибони майдон хатм шуд. Дар дақиқаи 25-уми вохӯрӣ ҳисобро ҳамлагари «Арсенал» Александр Ляказетт боз кард. Дар поёни қисми аввал Майкл Антонио голи ҷавобиро зада, таносубро баробар сохт. Голи ғалабаовар дар дақиқаи 85-уми рақобат аз ҷониби Эдвард Нкетиа зада шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив