LIVE

ҶУФТҲОИ 1/8 ФИНАЛИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН МАЪЛУМ ШУДАНД

Имрӯз, 12 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои 1\8 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2019 баргузор гардид, ки дар он ҳамаи 16 дастаи иштирокчӣ рақибони худро шинохтанд. Дар ин марҳилаи мусобиқа, соҳиби ҳозираи Ҷоми миллӣ, дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бо намояндаи лигаи якуми мамлакат, дастаи футболи “Барқчӣ”-и Ҳисор рақобат мекунад. Бозиҳои якуми Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 30-31 июл ва вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 3-4 август доир хоҳанд шуд. Вобаста ба баргузории чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ-2019 байни мунтахабҳои миллии наврасони зери 16 сол (U-16), ки аз 26 июл то 1 август дар врзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мешавад, дар санаи баргузории бозиҳои “Истиқлол” ва “Барқчӣ” имкони ба амал омадани тағйирот ҷо дорад. Ёдрас мешавем,ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2019 ба марҳилаи плей-оффи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми КФО-2020 роҳхат мегирад. Дар сурати унвони чемпионӣ ва ҳам Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудани як даста, он гоҳ дар ин марҳилаи Ҷоми КФО-2020 ҷоизадори медалҳои нуқраи бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон- 2019 ширкат хоҳад намуд.

Ҷуфтҳои марҳилаи 1\8 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2019:

1. Саройкамар (Панҷ) – «Хатлон» (Бохтар)
2. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
3. «Душанбе-83» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе)
4. «Регар-ТадАз» (Турсунзода) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
5. «Эсхата» (Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) 
6. «Истиқлол» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор) 
7. «Истаравшан» (Истаравшан) - «Ҳулбук» (Восе)
8. «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) - «Панҷшер» (Ҷ. Балхӣ)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив