LIVE

Ҷоми ҷаҳон-2019: Испания, Аргентина ва Камерун ҳарифони Тоҷикистон

Имрӯз, 11-уми июл дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) воқеъ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17 сола доир шуд. Тими миллии наврасони Тоҷикистон дар ин маросим рақибони хешро пайдо сохт. Шумораи иштирокчиён 24 даста буда, ба шаш гурӯҳи баробар тақсим мешаванд. Ба ҳар гурӯҳ намояндаи як қитъа аз рӯи ҷуғрофия ва як федератсия шомил мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои минбаъда ва чор дастаи беҳтарини ҷойи сеюм аз шаш гурӯҳ роҳхат мегиранд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 аз 26-уми октябр оғоз шуда, то 17-уми ноябр дар кишвари Бразилия идома мекунад.


Гурӯҳи “Е”
1. Испания
2. Аргентина
3. ТОҶИКИСТОН
4. Камерун
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив