LIVE

Ҷоми Ҷаҳон-2019: Рақибони Тоҷикистон маълум мешавад.


Дар қароргоҳи Федератсияи умумиҷаҳонии футбол (FIFA) воқеъ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария марҳилаи қуръакашии Ҷоми Ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17 сола доир мешавад. Дастаи миллии наврасони мамлакат баъди ин маросим, ки қарор аст пагоҳ сурат гирад, ҳарифони худро пайдо хоҳанд кард. Дастаи мо ба сабади чаҳорум шомил буда, ҳини қуръакашӣ бо дастаҳое чун Ангола, Ҳаити, Венгрия, Сенегал ва Ҷазираҳои Соломон наметавонад рӯ ба рӯ шаванд. Ғайр аз ин дастаҳои як созмон ба гунаи мисол AFC имкони дар як гуруҳ бо ҳам рақобат карданро надоранд. Аз ин бар меояд, ки дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Тоҷикистон ҳарифи ҳамдигар нахоҳанд шуд. Баъди анҷоми қуръапартоӣ 24 даста ба 6 гуруҳ шомил шуда, ба даври дигар ду тими беҳтарин ва 4 дастаи хуби ҷойи сеюм роҳ меёбанд. 

Ҷоми Ҷаҳон-2019 (U-17)

Сабади 1: Бразилия, Мексика, Нигерия, Франсия, Ҷопон, Испания.
Сабади 2: Аргентина, ИМА,  Зеландияи Нав, Парагвай, Эквадор, Кореяи Ҷанубӣ.
Сабади 3: Италия, Камерун, Австралия, Чили, Канада, Голландия.
Сабади 4: Ангола, Ҳаити, Венгрия, Сенегал, Ҷазираҳои Соломон, ТОҶИКИСТОН.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив