LIVE

Зайниддин Раҳимов футболбозони 17 соларо ба Ҷоми Гранаткин бурд

Тими наврасони 17 солаи мамлакат баъди машқҳои чандинрӯза дар шаҳри Душанбе озими шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуд. Зайниддин Раҳимов ба ҳайати даста 20 бозингарро шомил кард, ки аксари  онҳо узви дастаи “Локомотив Помир”-и Душанбе мебошанд. Дидори аввалини футболбозони тоҷик 5-уми июн бо наврасони Юнон (14:00) сурат гирифта, бозии дуюм 7-уми июн (14:00) баргузор мешавад. Охирин дидори тарбиятгирандагони Зайниддин Раҳимов бо Туркия 10-уми юин соати 21:00 бо вақти Тоҷикистон доир мегардад. Дар мусобиқаи Ҷоми Валентин Гранаткин 12 даста ширкат мекунад, ки ба 3 гуруҳ ҷудо карда шудаанд. Тибқи ҷамъбасти бозиҳои гуруҳӣ, дастаҳои ғолиби гуруҳ ва як тими беҳтарини дуюм рақобатҳои худро барои зинаҳои ифтихорӣ идома медиҳанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои 5-12 бозиҳоро идома хоҳанд дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив