LIVE

“Реал” ҳайаташро аз ҳисоби “Сассуоло” комил мекунад

Эҳтимол дорад, ки нимҳимоятгари “Сассуоло” - Мануэл Локателли тобистони соли оянда метавонад ба дастаҳои маъруф ҷалб шавад. “Манчестер Сити” ва “Ювентус”-и Турин ба хидмати ин бозигар таваҷҷӯҳ доштанд ва акнун “Реал Мадрид” низ барои ба даст овардани ӯ вориди мубориза шудааст. 
“Сассуоло”  барои ин футболбози 23-сола 40 миллион евро маблағ мехоҳад. Барои Мануэл "Ювентус" бештар талош дорад. Локателли аз соли 2018 дар “Сассуоло” бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, нимҳимоятгар дар 21 бозии Серияи А-и Италия ширкат варзид, ки дар он ду гол зада, ду партофти головар анҷом дод. Дастаи ӯ, дар 23 давр 35 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионат ҷои ҳаштумро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив