Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дар бозии даври 17-уми Серияи А бо “Сассуоло” (3: 1) голи 759-уми карйераи худро ба самар расонид. Нишонзани португалӣ рекорди мутлақи шумораи голҳоро, ки ҳамлагари чехӣ Йозеф Бикан бо 759 гол дар байни солҳои 1931 ва 1955 гузошта буд, такрор кард. Акнун барои ин рекордро нав кардан ба Роналду як голи дигар лозим аст.
Ғалаба барои “Ювентус” севвумин пай дар пай дар чемпионати Италия гардид. Туриниҳо 33 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи чорум баромаданд. "Сассуоло" бо 29 имтиёз дар ҷойи ҳафтум аст.

