LIVE

Роналду рекорди 60 солаи "Юве"-ро шикаст

"Ювентус" дар даври 30-юми Серияи А дарвозаи "Торино"-ро голборон кард (4:1). Ҳамлагари туриниҳо  Криштиану Роналду тавассути иҷрои зарбаи ҷаримавӣ голи 25-уми хешро дар мавсими ҷорӣ ба ҳадаф расонид.  Футболбози 35 сола дар 60 соли охир нахустин нафаре шуд, ки бо пироҳони  "Ювентус" дар як мавсими чемпионати Италия ба задани 25 гол имкон меёбад. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими солҳои 1959/1960 ҳамлавари аргентинии тим Энрике Омар Сивори бо пироҳани "Юве" 25 гол задааст. Баъди он  ба ин рекорд ду ҳамлагари дигар  Давид Трезеге (2000/2001, 24 гол) ва Гонсало Игуаин (2016/17, 24 гол) низ наздик шуданд, аммо такрор карда натавонистанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив