LIVE

"Тоттенхэм" ва Сон дар оянда низ ҳамкорӣ мекунанд

Дастаи "Тоттенхэм" мехоҳад шартномаро бо нимҳимоятгари кореягӣ – Сон Хин Мин тамдид кунад.
Бино ба иттилои Sky Sports, роҳбарияти дастаи шаҳри Лондон аллакай бо футболбози 28-сола гуфтушунидро оғоз кардааст.
Шартномаи амалкунандаи Сон соли 2023 ба итмом мерасад. Хабар дода мешавад, ки "Тоттенхэм" барои нимҳимоятгар шартномаи нави дарозмуддат омода мекунад.
Дар мавсими ҷорӣ, Сон дар Премйер-Лигаи Англия дар 22 бозӣ ширкат варзида, 13 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив