LIVE

Модрич корномаашро дар "Реал" хотима медиҳад

Шартномаи Лука Модрич бо «Реал Мадрид» тобистони соли 2021 ба итмом мерасад, аммо нимҳимоятгар боварӣ дорад, ки метавонад як мавсими дигар низ дар сафи "мадридиҳо" боқӣ бимонад. Тибқи иттилои ABC, нимҳимоятгар мехоҳад шартномаи худро то охири мавсими 2021/22 тамдид кунад ва пас аз он ба корномаи варзишии худ анҷом бахшад. Барандаи "Тӯби тиллоӣ" аз таваққуфи "Ковид-19" истифода бурд ва ҳолати варзишиашро хуб кард, ки баарои бозӣ дар мавсими оянда омода бошад. Бино ба гузоришҳо, хорватиӣ боварӣ дорад, ки ҳанӯз ҳам як бозингари муҳим барои даста ба шумор меравад. Дар тамоми мусобиқаҳои мавсими сипарӣ гашта, Модрич 49 маротиба ба ҳайати даста шомил гардида, 7 маротиба тӯри дарвозаи рақибонро рахна сохта ва 10 партофти голбахшоро ҳам анҷом додааст.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив