LIVE

“Ювентус” бо Роналду шартномаи нав бастанист

“Ювентус” омода аст, ки шартномаро бо ҳамлагар Криштиану Роналду то соли 2023 тамдид кунад, хабар додааст Tuttosport.
Роналду соли 2018 аз “Реал Мадрид” ба “Ювентус”-и Турин гузашт. Қаблан футболбози португалӣ дар дастаҳои "Спортинг Лиссабон" ва "Манчестер Юнайтед" бозӣ мекард. Аз соли 2003 Роналду ба дастаи мунтахаби Португалия даъват карда мешавад. Дар мавсими ҷорӣ Криштиану Роналду 23 бозӣ гузаронида, 22 гол ва се партофти головар анҷом додааст. Шартномаи ҷории ҳамлагар бо клуб то 30 июни соли 2022 баста шудааст. 5-уми феврал ҳамлагари мазкур 36-сола мешавад. Transfermarkt арзиши Роналдуро 60 миллион евро ҳисоб кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив