LIVE

“Ювентус” собиқ ҳамлагари худро боз пас гирифт

Ҳамлагари 27-солаи испании “Атлетико” - Алваро Мората ба “Ювентус” ба иҷора дода шуд. Хабар дода мешавад, ки футболбоз рӯзи 22-юми сентябр аз муоинаи тиббӣ гузашта, барои як сол шартнома мебандад. Клуби итолиёвӣ футболбозро бо маблағи 9 миллион евро то охири мавсим ба иҷора гирифт. Дар мавсими оянда “Ювентус” метавонад трансфери форвардро бо пардохти 45 миллион евро амалӣ намояд. Ёдовар мешавем, ки ин ҳамлагар аллакай аз соли 2014 то 2016 дар “Ювентус” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар ҳамаи мусобиқаҳо 93 вохӯрӣ гузаронида, 27 гол ва 18 партофт анҷом додааст. Мората  аз “Челси” ба маблағи 56 миллион евро ба “Атлетико” гузашт. Мавсими гузашта Моратаи 27-сола дар 34 бозии чемпионати Испания ширкат варзид, ки дар он 12 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив