LIVE

Бозигари “Реал” ба “Арсенал” рафтанист

“Арсенал” ба нимҳимоятгари “Реал Мадрид” - Мартин Эдегор таваҷҷуҳ дорад. Тибқи иттилои Sky Sports, лондониҳо ба клуби шоҳона дар мавриди ҷалби футболбози 22-солаи норвегиягӣ муроҷиат кардаанд. Айни замон роҳбарияти "Реал" пешниҳоди тими лондониро баррасӣ мекунад. Тибқи иттилои манбаъ, “Арсенал” ягона даста барои даъвати ин футболбоз нест, зеро дастаҳои "Севиля" ва "Реал Сосйедад" низ Мартин Эдегорро низ дар ҳайати хеш дидан мехоҳанд.   Эдегор ба клуби шаҳри Мадрид соли 2015 аз “Стромсгодсет” омад. Дар мавсими гузашта ӯ дар дастаи "Реал Сосйедад” бо иҷора дода шуд. Ниммуҳофизатгар аз сабаби кам будани вақти бозӣ ба роҳбарият муроҷиат кардааст, ки ба ӯ иҷозат диҳанд то дастаи шоҳонаро тарк кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив