LIVE

Эдегор - беҳтарин бозигари Ла Лига

Ниммуҳофизатгари "Реал Соседад" Мартин Эдегор беҳтарин бозигари Ла Лига дар моҳи сентябр эълон гардид. Ғайр аз Эдегор ҳамлагари "Реал Мадрид" Карим Бензема ва форварди "Вилярреал" Жерар Морено муддаӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар 4 бозии Ла Лига футболбози 20 солаи норвегӣ 1 гол ва 2 партофти головар ба номаш сабт кард. Ёдовар мешавем, ки Мартин Эдегор футболбози "Реал Мадрид" буда, тавассути иҷора дар "Реал Соседад" бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив