LIVE

Эдегор ба «Реал» баргаштан намехоҳад

Ниммуҳофизатгари «Реал» - Мартин Эдегор, ки дар дастаи «Реал Сосйедад» ба ҳайси футболбози иҷоравӣ бозӣ дорад, дубора ба дастаи аслии худ баргаштан намехоҳад. Ин дар ҳолест, ки Эдегор бояд дар баробари анҷоми мавсим ба ҳайати бошгоҳи шоҳона баргардад. 
Футболбози 21 сола роҳбарияти «Реал»-ро огоҳ кард, ки ӯ хоҳиши бозӣ кардан дар ҳайати клуби «Реал Сосйедад»-ро барои боз як мавсими дигар дорад. Бо ин роҳ Эдегор мехоҳад ҳарчӣ зиёд дар майдон бозӣ карда, таҷриба бигирад.  
Қаблан гуфта мешуд, ки бошгоҳи шоҳона хоҳиши дар миёни мавсим пас гирифтани ин футболбозашро дорад, аммо «Реал Сосйедад» ба ин кор розӣ нашуд. 
Дар мавсими ҷорӣ Эдегор дар 23 дидори Ла Лига ба майдон баромада, ба задани 4 гол ва 6 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив