LIVE

Жозе Моуринйо ивазкунандаи Ҳарри Кейнро пайдо кард

Бошгоҳи лондонии “Тоттенхэм Хотспур” дар мавриди харидории трансфери ҳамлавари 
28-солаи бразилии тими “Реал Сосйедад” Виллиан Жозе гуфтушунид дорад-хабар медиҳад The Guardian.
Маҳз дар Виллиан Жозе “Тоттенхэм” ивазкунандаи Ҳарри Кейни ҷароҳатбардоштаро мебинад. Соли 2018 ин бразилӣ шартномаи нав бо тими испанӣ имзо намуд,ки дар он нуқтаи харидорӣ дар ивази 70 миллион евро гуфта шудааст.  Айнан ҳамин  маблағ  бошгоҳи ҳозираи ӯро қаноат кардааст,ки ин нуқта метавонад  садди роҳи трансфери Виллиан Жозе ба Англия бигардад,чаро ки бошгоҳ аз Албиони буронӣ намехоҳад,ки чунин маблағи зиёд пардохт  намояд.  То ҳол қарордод миёни бошгоҳҳо баста нашудааст,аммо гуфтушунидҳо идома доранд. “Реал Сосйедад” бошад ният дорад,ки  муддатҳои наздик дар хусуси ояндаи Виллиан Жозе хулосаи зарурӣ барорад-хабар медиҳад сарчашма. 
Дар мавсими ҷорӣ бошад дар сафи “Реал Сосйедад” Виллиан Жозе дар 22 бозиҳо ширкат варзида,ба задани ҳашт гол даст ёфтааст. Сомонаи трансфермаркет бошад ин бозингарро 32 миллион евро баҳогузорӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив