LIVE

«Тоттенхэм» Жедсон Фернандешро ба иҷора гирифт.

Нимҳимоятгари португалии тими “Бенфика” Жедсон Фернандеш дар давоми яку ним соли баъдӣ дар сафи “Тоттенхэм” баромад хоҳад кард. Дар ин мавзӯъ сомонаи расмии “лондониҳо” хабар дод, замоне,ки “Тоттенхэм” дар мавриди гузариши ин бозингар ба мувофиқа расид. Тибқи қарордоди мувофиқашуда мӯҳлати будубоши бозингари португалии 20-сола дар Лондон 18 моҳро ташкил дода, ҳамчунин шартномаи мазкур нуқтаи ҳаққи харидории Фернандешро ҳам дар таркиб дорад. 
Дар мавсими ҷорӣ Жедсон Фернандеш 13 дидор бо пироҳани “уқобон” анҷом дода, бо як партофти головар аз майдон берун шудааст. Ёдрас мекунем,ки “Тоттенхэм” ҳамчунин дар ҷустуҷуи ивазкунандаи Ҳарри Кейни ҷароҳатбардошта буда, дар ин миён Зе Луишро аз “Порто” оварданист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив