LIVE

Бозгашти Мартин Эдегор ба Мадрид

Ниммуҳофизатгари норвегиягӣ Мартин Эдегор ҳайати дастаи "Реал Сосйедад"-ро тарк намуд ва дубора ба дастаи асосии худ  "Реал" баргашт. Дар ин бора сомонаи расмии тими футболи  Сан-Себастйян иттилоъ додааст. 
Эдегор мавсими солҳои 2019/20 дар "Реал Сосйедад"  бозигари иҷоравӣ буд. Дар ҳисоби футболбози  21 сола 36 бозӣ ва 7 гол ба қайд гирифта шудааст. 
Қаблан гуфта мешуд, ки Мартин Эдегор барои як мавсими дигар дар дастаи "Реал Сосйедад" боқӣ мемонад, аммо ҷониби мадридиҳо ба хулосае омаданд, ки аз ҳунари ӯ дар мавсими оянда истифода мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив