LIVE

Бозингари "Реал" ба дастааш баргаштан намехоҳад

Мартин Эдегор,ки тариқи иҷора дар “Реал Сосйедад” бозӣ мекунад, пас аз анҷоми муҳлати иҷоравӣ бозгашт ба “Реал”-и Мадридро намехоҳад.  Чӣ тавре расонаҳо мегӯянд ин норвегӣ аллакай ба роҳбарияти бошгоҳи шоҳона дар хусуси чунин қарори хеш хабар додааст.  Барои футболбози мазкур ниҳоятмуҳим аст,ки вақти бештари бозикунӣ дар майдонро ба даст оварад,чизеро, ки дар Сан Себастян барояш фароҳам  меоранд.  Мадрид бошад айни замон чунин кафолатҳоро ба футболбоз дода наметавонад. Иҷораи Мартин бо анҷоми мавсими ҷорӣ ба итмом расида, ҳамчунин илова бояд кард, ки Эдгор ба ҷониби Лос Бланкос шартҳои худиро пеши роҳ мондааст.  Гуё, ки футболбоз ба шарте ба бошгоҳ меояд, ки агар Зидан барояш мавқеъ дар ҳайатро кафолат дода тавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив