LIVE

Баллардини-сармураббии нави дастаи "Ҷеноа"

Хадамоти матбуотии дастаи “Ҷеноа”    дар бораи   таъйини  Давиде Баллардини ба мансаби  сармураббии   бошгоҳ  иттилоъ дод.  Баллардини   аллакай бори чорум дар тӯли фаъолияти касбияш "Ҷеноа"-ро роҳбарӣ хоҳад кард.  Ин мутахассис   дар мавсимҳои  2010-11, 2012-13 ва 2017-2019  бо ин тим кор намудааст.  Бошгоҳи   "Ҷеноа" баъди 13 давр даар зинаи охирини мусобиқоти Серияи А ҷойгир аст. Бо дарназардошти  натиҷаҳои  бад роҳбарияти даста собиқ сармураббӣ Роландо Маранро аз мақомаш  сабукдӯш намуда буд.  Шартнома бо   Марани 57 сола  то   соли 2022  эътибор дошт.  Роландо    аз соли 2018  дар дастаи  "Каляри"   фаъолият мекард, вале   дар  мавсими   2019-2020   аз мансабаш барканор шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив