LIVE

Роналду ва Дибала ғалабаи «Ювентус»-ро таъмин карданд

Дар даври  29-уми чемпионати Италия дастаи «Ҷеноа» тими «Ювентус»-ро дар хонааш истиқбол кард. Дар ибтидоди нимаи дуюми бозӣ, саҳеҳтараш дар дақиқаи 50-ум ҳисобро футболбози хати ҳамлаи «Ювентус» - Пауло Дибала боз кард. Бо гузашти 6 дақиқаи дигар форвард Криштиану Роналду  шумораи голҳои туриниҳоро ба ду расонид. Дар дақиқаи 73-юми бозӣ Дуглас Коста маротибаи сеюм хати дарвозаи тими «Ҷеноа»-ро убур кард. Ягона голи соҳибони майдонро  Андреа Пинамонти ба ҳадаф расонид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив