LIVE

“Фиорентина” сармураббии худро иваз мекунад

Ҷузеппе Якини аз мақоми сармураббии тими футболи  “Фиорентина”-и Италия  сабукдӯш карда шуд. Сомонаи маъруфи Sky Sport Italia хабар додааст, ки тими футболи “Фиорентина” ниҳоятан ба хулосае омад, ки ҳамкориро бо мутахассиси итолёвӣ қатъ кунад. Мураббии мазкур сар аз соли 2019 бозигарони клуби “Фиорентина”-ро тамрин медод. Бино ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик “Фиорентина” бо собиқ сармураббии “Ҷеноа” ва тими миллии Италия Чезаре Пранделли қарордод мебандад. Пранделли дастаро то охири мавсими солҳои 2020/2021 роҳбарӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки ин мутахассис аз соли 2005 то 2010 бо “Фиорентина” кор кардааст. “Фиорентина” дар 7 даври чемпионати Италия 8 хол ба даст овард ва дар ҷадвал дар ҷои 12-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив