Тафсилоти музокироти "Милан" оид ба гузариши ҳимоятгари "Фиорентина" Никола Миленкович маълум шуд. Бино ба иттилои Sky Italia, "Миланиҳо" мехостанд, ки Миленковичро бо Лукас Пакета иваз намоянд, аммо роҳбарияти "Фиорентина" ба ин кор розӣ нагаштаанд. "Фиорентина" бар ивази муҳофизатгари сербӣ аз "Милан" 40 миллион евро талаб кардааст. Сербии 22 сола дар мавсими 2019-2020 дар ҳайати дастаи "Фиорентина" 41 бозӣ анҷом дода, 5 тӯбро вориди тури рақибон сохтааст. Transfermarkt арзиши Миленковичро 24 миллион евро арзёбӣ мекунад.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов