LIVE

Алонсо ба назди мураббии собиқаш меравад

Эътимол меравад, ки муҳофизатгари тими «Челси»-Маркос Алонсо корномаи варзишии худро дар дастаи «Интер» идома медиҳад. Миланиҳо ин футболбози испаниро моҳи январ  ба даст оварданианд. Сармураббии тими «Интер» - Антонио Конте замоне, ки ба «Челси» рафта буд, Алонсоро аз  «Фиорентина» ба Лондон даъват кард. Ҳамакнун ин мутахассис мехоҳад боз бо муҳофизатгари мазкур дар Милан кор кунад. Вале «Челси» барои Алонсо на камтар аз 40 млн € маблағ ба даст оварданист, ки чунин пешниҳод шояд бархурди тими итолёвӣ набошад.  Дар мавсими ҷорӣ Алонсо дар тамоми мусобиқот 14 маротиба майдондорӣ намуда, як гол задааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив