LIVE

"Ювентус" Буффон ва Келлиниро ба нафақа гусел кардан намехоҳад

Дафтари матбуоти бошгоҳи  "Ювентус" - и  Италия  бо ду тан аз футболбози собиқдаори худ, дарвозабон Ҷанлуиҷи Буффон ва ҳимоятгар Ҷорҷо Келлини шартномаи ҳамкориро тамдид намуд. Созишномаҳои нав миёни футболбозон ва даста  то тобистони соли 2021 эътибор доранд. Буффон тобистони соли 2001 аз  тими  Парма бо қимати наздик ба 53 млн евро  шомили “Ювентус” гардида буд.  Тобистони соли 2018 дарвозабон ба ҳайси агенти озод ба тими ПСЖ гузашт,  аммо пас аз як соли ҳунарнамоӣ дар Париж  ӯ дубора ба Турин баргашт. Дар мавсими кунуни Буффони 42-сола дар чемпионати Италия 7 бозӣ гузаронидааст. Келлини тобистони соли 2005 бо маблағи 7,7 млн евро аз дастаи “Фиорентина”  ба тими  “Ювентус” гузашта буд.  Ин мавсим ҳимоятгари 35-сола дар Серия А се бозӣ анҷом дода як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив