LIVE

“Ювентус” ҷуфти Роналдуро дар ҳамла пайдо кард

Ҳамлагари “Фиорентина” Федерико Кйеза  ба дастаи “Ювентус” гузариш намуд.  “Ювентус”  Кйезаро  ба муҳлати 2 сол ба иҷора гирифт.  Гуфта мешавад, ки  туриниҳо барои соли якум 2 млн евро барои соли дуюм 8 млн евро  пардохт мекуананд. Дар ин муомилот ҳамчунин имкони харидории футболбоз бо арзиши 40 млн евро низ вуҷуд дорад. Кйезаи 22 сола  дастпарвари “Фиорентина” буда, дар мавсими гузашта дар 34 бозии Серияи А  ширкат намуда, муаллифи 10 гол  ва 6 партофти   головар  гаштааст. Дар мунтахаби Италия Федерико Кйеза  19 маротиба ба майдон баромада, 1 голро ба номаш муҳр задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив