LIVE

Доду гирифти «Юве» бо «Барса» аз баҳри чист?

«Ювентус» ниммуҳофизатгари бразилии дастаи «Барселона» - Артур Рамосро ба ҳайати худ ҷалб сохт. Маблағи гузариш 72 млн евро ва ҳамчунин боз 10 миллиони дигар иловапулиро ташкил медиҳад. Артур пас аз хотимаи мавсим ба дастаи наваш ҳамроҳ мешавад. Мело соли 2018 аз тими «Гремио» бо арзиши 31 млн евро шомили «Барселона» гардида буд. Дар мавсими ҷорӣ ин футболбози 23 сола 21 бозӣ доир намуда, ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. Маоши ниммуҳофизатгар дар дастаи туринӣ бештар аз 5 миллион евро дар як сол гуфта мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки «Барселона» дирӯз бо ниммуҳофизатгари «Ювентус» - Миралем Пянич қарордод ба имзо расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив