LIVE

Пянич Туринро бо Каталония иваз кард

Бошгоҳи «Барселона» дар сомонаи расмии худ аз гузариши нимҳимоятгари «Ювентус» - Миралем Пянич иттилоъ дод. Каталониҳо барои ин футболбоз ба «Ювентус» 60 млн евро ва боз 5 млн еврои дигар иловапулӣ пардохт мекунанд. Қарордод то соли 2024 баста шудааст. Ҳар дастае, ки харидори Пянич мешавад, бояд ба хазинаи “нилунориҳо” 400 млн евро пардохт кунад. Миралем сар аз мавсими нав ба дастаи «Барселона» ҳамроҳ мешавад. Миралем Пянич соли 2016 аз тими “Рома” бо арзиши 32 млн евро ба дастаи “Ювентус” гузариш намуда буд. Дар ин мавсим футболбози 30 сола дар 24 бозии “Ювентус” ширкат намуда, ба задани 3 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив