LIVE

Сергей Житский аз вазифааш истеъфо дод. Сармурабии нав аллакай эълон шуд

Сармураббии дастаи КМВА Сергей Житский аз вазифааш даст кашид. Таҳти роҳбарии ин мутахассиси украинӣ  дастаи КМВА дар 29-умин мавсими чемпионати футболи Тоҷикистон аз 18 бозӣ – 8 ғалаба, 5 мусовӣ ва 5 бохт дошта, бо  дарёфти 29 имтиёз медалҳои биринҷии чемпионатро соҳиб гардид.  Албатта, дере нагузашта Хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи КМВА-и Душанбе аз таъйини Алиёр Ашурмамадови 50-сола ба вазифаи сармураббии даста хабар дод. Алиёр Ашурмамадов, ки дар гузашта сармураббии мунтахаби ҷавононро ба уҳда дошт.  Ҳамчунин дар мавсими 2012-2013 ба ҳайси сармураббии КМВА фаъолият кардааст ва дубора ба ин бошгоҳ баргашт. Ёдовар бояд шуд, ки Алиёр Ашурмамадов дар мавсими гузашта дастаи «Истаравшан»-ро роҳбарӣ мекард.  Алиёр Ашурмамадов дастпарвари тими номдори "Помир Душанбе" ва 12 сол узви мунтахаби кишвар буда, фаъолияти мураббигарияшро аз соли 2008 оғоз карда аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив