LIVE

Алиёр Ашӯрмамадов сармураббии нави “Истаравшан”

Дастаи футболи “Истаравшан”, ки дар Лигаи олӣ баромад мекунад, аз таъини мутахассиси футболи ватанӣ, Алиёр Ашӯрмамадов ба вазифаи сармураббиии ин даста хабар дод. 
Алиёри 51 сола аз ин пештар ду мавсим дар бошгоҳи футболи “Панҷшер” фаъолият карда буд. Баъди натиҷагирии мавсими гузаштаи мусобиқаи Лигаи олӣ, футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зинаи охири ҷадвалро касб карда, Лигаи олиро тарк гуфтанд. Алиёр Ашӯрмамадов ҳанӯз соли 2015-ум дар дастаи дигари шаҳри Истаравшан бо номи “Далерон-Уротеппа” ба сифати сармураббӣ фаъолият мекард ва бо роҳбари ӯ даста баъди анҷоми мавсим мақоми 9-умро касб кард.
Дар мавсими гузашта дастаи “Истаравшан” миёни 8-тими иштирокчии мусобиқа мақоми панҷуми ҷадвалро ба даст оварда буд.
Алиёр Ашӯрмамадов, 20 августи соли 1968 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) таваллуд шуда, дастпарвари бошгоҳи футболи “Скиф -1” мебошад. Ӯ дар давоми фаъолияти футболбозиаш дар дастаҳои «Вахш» (Қурғон-теппа, 1990), «Помир» (Душанбе, 1991—1992), «Локомотив» (Москва, 1993), «Авангард» (Коломна, 1994),  «Анжи»(Махачқала, 1995—1998), «Варзоб» (Душанбе, 1999—2000), «Иртиш» (Павлодар, 2001—2002, март-июл 2005), СКА «Помир» (Душанбе, апрел-июл 2004), «Хима» (Душанбе, август 2005—2007) ҳунарнамоӣ кардааст.
Ба сифати мураббӣ таҷрибаи хуби кориро дар якчанд дастаҳо аз ҷумла: “Помир” (ВМКБ-2008), КМВА “Помир” (Душанбе-2009), Тоҷикистон U19-2009-10, “Энергетик” (Душанбе-2010),  КМВА “Помир” (Душанбе-2011-12), “Парвоз” (Б.Ғафуров-2013-14), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан-2015), “Ҳосилот” (Фархор-2016-17), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ-2018-19) пайдо кардааст.
 
Сарчашма: https://championat.tj/archives/1768

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив