LIVE

Муаррифии се футболбози нав дар Истиқлол (АКС)


Бошгоҳи футболи "Истиқлол" се бозингари навашро муаррифӣ кард. Бори аввал мешавад, ки пас аз рафтани якчанд футболбозони ботаҷриба баъди анҷом марҳилаи аввали мавсим бозингарони нав ба "Истиқлол" даъват мегарданд. Ба навиштаи сомонаи расмии қаҳрамони феълии мамлакат, се бозингари нави даста дастпарварони бошгоҳҳои "Локомотив" ва "Рубин"-и Русия мебошанд.

Темур Ҷӯраев фарзанди собиқ довари футболи тоҷик Ориф Ҷӯраев буда, ахиран дар дастаи "Нарва Транс"-и Эстония бозӣ кардааст. Чанде пеш ӯ дар санҷиши бошгоҳи "Хуҷанд" ҳам қарор дошт, аммо барои идомаи фаъолият тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Ҷамшед Раҳмонов дастпарвари бошгоҳи "Локомотив" Маскав буда, давоми чанд сол дар ҳайати ҷавонони ин тим ҳунарнамоӣ карда буд. Ӯ замоне ба ҳаводорони футболи тоҷик ошно шуд, ки ҳини фаъолияти Игор Черевченко ба ҳайиси сармураббии "Локомотив" дар чанд вохӯрӣ ба ҳайати асосӣ даъват шуда, ҳатто дар бозии дӯстонаи "Истиқлол" ва "Локомотив" (27.06.2016) дар Душанбе дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ карда буд.

Салом Ашӯрмамадов ҳоло ҷавонтарин бозингар дар ҳайати "Истиқлол" хоҳад шуд. Фаъолияти футболбозии ӯ дар дастаҳои МҶМОВ, ҳайати ҷавонони КМВА "Помир" ва "Локомотив"-и Москав сипари шудааст. Падари ӯ собиқ бозингари тими мунтахаби Тоҷикистон Алиёр Ашӯмамадов мебошад, ки ҳоло ба сифати сармураббӣ дар дастаи "Панҷшер" фаъолият мекунад. 
  
Аксҳо аз сомонаи бошгоҳи "Истиқлол" fc-istiklol.tj истифода шудааст!

Next Post

Комментарии 1

... А
... А от 20 августа 2019 23:07
ҲӮ КОРГАРИ ВАРЗИШ ТРАНСФЕРҲОИ ИСТИҚЛОЛА МЕГӮИЮ ДИГАР КЛУБҲОИ ТОҶИК НЕСТ!!! 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив