LIVE

Футзалбозони тоҷик ба Ӯзбекистон сафар карданд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбекистон субҳи имрӯз, 17-уми ноябр озими шаҳри Тошканд шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе бо худ ба Ӯзбекистон 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигарро бурдааст. Вале бозигарони бошгоҳи «Сипар»-и Хуҷанд Собирҷон Гулаков ва Иқбол Воситзода, инчунин Умед Қузиев аз дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба иллати осеб дидан дар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунанд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад, 18-уми ноябр бо мунтахаби Қирғизистон ва 19-уми ноябр бо дастаи мизбон – Ӯзбекистон - рақобат мекунад.
Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё доир мегардад. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мушарраф мешавад. Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 12-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив