LIVE

Сафари футзалистони кишвар ба хориҷ

Мунтахаби футзали мамлакат таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ - Александр Дзабирадзе барои ду бозии дӯстона бар муқобили дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Қувайт ба шаҳри Даммам сафар кард. Баргузории вохӯриҳои мазкур рӯзҳои 12 ва 13 феврал дар назар аст. Пас аз анҷоми бозиҳои дӯстона тими мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва омодагиҳои худро  ба Чемпионати Осиё-2020  идома медиҳад, ки оғози он бо сабаби хурӯҷи коронавирус номуайян ба таъхир гузошта шудааст. Пас аз қуръакашии Чемпионати Осиё оид ба футзал тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи А шомил шуд. Рақибони дастаи мо тимҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив