LIVE

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми июл дар шаҳри Тоиф баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Голи мунтахаби кишварро Шарифбек Раҳматов ба самар расонид. Бозии такрории футболбозони ҷавони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Тоиф доир гардид, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Абдулмуъмин Забиров муаллифӣ кард. Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе доир мегардад. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив мебошанд.
Бозиҳои дӯстона
Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Шарифбек Раҳматов.
26 июл. Таиф, Арабистони Саудӣ.
Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Абдулмумин Забиров.
29 июл. Таиф, Арабистони Саудӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив