LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо Арабистони Саудӣ ба ин кишвари гарму тафсон сафар намуд. Дар бозиҳои рафиқонае, ки рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июл баргузор мешаванд, сармураббии мунтахаби кишвар - Зайниддин Раҳимов бо худ 23 футболбоз аз ҷумла – 2 дарвозабон, - 6 дифоъгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлаварро сафарбар намудааст. Ёдовар мешавем, ки ин бозиҳои дӯстона бар муқобили Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии мунтахаби ҷавонони кишвар ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 2-юм то 6-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Рақибони ҷавонони кишвар тимҳои миллии Сурия, Ливан, ва Малдив мебошанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳои дӯстона ба муқобили Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»);
Дифоъгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Абдулмумин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умеҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Амадони Камолов (ҳама – «Локомотив-Помир»);
Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Хоҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).
Ҳайати доварон: Давлатманд Исломов – роҳбари ҳайат, Анваршо Мирзоев – чеҳраи расмӣ, Азизджон Достиев – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Субҳон Хоҷамов – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – табиб, Умар Нуров – маъмур.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив