LIVE

Тоҷикистон дар бозиҳои интихобӣ бо кадом дастаҳо рӯ ба рӯ мешавад?


Фардо, 17-уми июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпураи Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи дуюми муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон-2022 баргузор мешавад. Дар ин маросим мунтахаби Тоҷикистон рақибони хешро пайдо мекунад. Оғозӣ маъракаи мазкур соати 14:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Пеш аз қуръапартоӣ, ки мунтахаби Тоҷикистон шомили сабади сеюм аст, бо мунтахабҳои Фаластин, Ҳиндустон, Баҳрайн, Тайланд, Кореяи Шимолӣ, Тайпэйи Чин ва Филиппин дар як гурӯҳ рӯ ба рӯ шуда наметавонад.

Ҳайати сабадҳои марҳилаи дуюми муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон -2022:

Сабади 1: Эрон, Ҷопон, Корея, Австралия, Қатар, АМА, Арабистони Саудӣ, Чин.
Сабади 2: Ироқ, Ӯзбекистон, Сурия, Уммон, Ливан, Қирғизистон, Ветнам, Урдун.
Сабади 3: Фаластин, Ҳиндустон, Баҳрайн, Таиланд, ТОҶИКИСТОН, Кореяи Шимолӣ, Тайпэйи Чин, Филиппин.
Сабади 4: Туркманистон, Мянма, Гонконг, Яман, Афғонистон, Малдив, Кувейт, Малайзия.
Сабади 5: Индонезия, Сингапур, Непал, Камбоҷа, Бангладеш, Монголия, Гуам, Шри-Ланка.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив