LIVE

Мусовии мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Саудӣ


Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) нахустин бозии  дӯстонаи хешро дар шаҳри Таиф муқобили тими ҷавонони Арабистони Саудӣ баргузор намуд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён ёфта, голро аз ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов ба самар расонидааст. Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон боз як бозии дӯстона анҷом медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки бозиҳои рафиқона муқобили Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии тими ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор меравад, ки 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ҳарифони тими ҷавонони мо дастаҳои ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд. Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив