LIVE

Роналду ба рекорди Алӣ наздик мешавад

Ба ҳамлагари Португалия - Криштиану Роналду муяссар шуд, ки дар бозии дӯстона ба дарвозаи мунтахаби Андорра як гол занад. Худи дидор бо ҳисоби бузурги 7:0 хатм шуд. Ин голи 102-юми ҳамлагари соҳибном бо пироҳани тими миллии кишвараш маҳсуб мешавад. То рекорди футболбози эронӣ Алии Даеи (109 гол) танҳо ҳафт гол боқӣ мондааст. Португалия рӯзи 14 ноябр дар Лигаи Миллатҳо бо Фаронса бозӣ мекунад. Пас аз он шогирдони Фернанду Сантуш бо Хорватия (17 ноябр) рӯ ба рӯ мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив