LIVE

Роналду: вақте ки дар бораи 100 гол сухан меравад, мегӯям, ки ин кофӣ нест

Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду голи 100-умини худро бо пироҳани тими миллии кишвараш чунин шарҳ дод. Ёдовар мешавем, ки дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Миллатҳо бо тими миллии Шветсия (2:0) ин ситораи футболи ҷаҳонӣ ду гол ба ҳадаф расонид. Ин голҳои 100-ум ва 101-уми Роналду барои Португалия маҳсуб мешавад.

«Ман аз ин дастоварди таърихӣ беандоза ифтихор мекунам! Вақте ки онҳо ба ман мегӯянд, ки ман 100 гол зада метавонам, ман мегӯям, ки ин кофӣ нест ... 101 гол барои Португалия", - навиштааст Роналду дар сафҳаи Instagram-и худ.
Ёдовар мешавем, ки Роналду дуввумин футболбозе гардид, ки дар тими миллӣ шумораи голҳояш сарҳади  100-ро убур кард.  То Роналду футболбози эронӣ Алӣ Дай аввалин шуда, ба задани 100 гол дар мунтахаби кишвараш даст ёфтааст. Дар маҷмуъ Алӣ ба задани 109 гол даст ёфтааст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив