LIVE

Иштироки Роналду дар Лигаи Миллатҳо зери суол аст

Ҳамлагари дастаи “Ювентус” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду сирояти ангушти пойи рости худро табобат мекунад. Португалии 35-сола феълан бештар дар толори варзишӣ машқ мекунад.  Ҳамлагари мазкур ба табобати безараргардонии захмаш машғул аст ва  ситоди мураббиён саломатии Роналдуро доимо назорат мекунанд.
Тими миллии Португалияро дар пеш ду бозӣ дар Лигаи Миллатҳо интизор аст. Португалиҳо бо мунтахабҳои Хорватия (5 сентябр) ва Шветсия (8 сентябр) бозӣ мекунанд. Масъалаи иштирок кардан ё накардани ҳамлагар дар ин бозиҳо то ба ҳол маълум нест.
Криштиану дар ҳайати тими миллии кишвараш 164 маротиба ба майдон баромада, ба задани 99 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив