LIVE

Бенатйя: Роналду девонааст

Дифогари марокашии дастаи Ювентус - Меҳди Бенатйя, ки феълан ба сифати кироя дар тими “Ал Дуҳаил”  бозӣ мекунад, хотироти хешро аз ҳолати ҷолибе, ки бо футболбози португалӣ замони дар Ювентус буданаш, ба вуқуъ пайвастааст, қисса намуд.  

"Дар бозӣ бо Аталанта ман ва Роналду дар курсии бозикунони захира ҷоий гирифтем, зеро се рӯз баъд моро дидори навбатӣ интизор буд. Сармураббӣ хост мо барои рақобати навбатӣ хубтар омода бошему дар ин дидор вориди майдон нашудем. Вақте, ки аз Бергамо тариқи автобус бармегаштем, Криштиану ба ман смс фиристод, ки дар он навишта шуда буд. “Ту ҳоло чӣ нақша дорӣ”? Ман посух додам, ки ҳоло соат 23-и шаб аст ва ба хона рафтан мехоҳам. Ӯ бошад, ба ман боз навишт, ки “Ту намехоҳӣ каме дар толори варзишӣ ба тамрин машғул шавӣ. Имрӯз ман рақобат накардам ва бароям зарурати машқ кардан дар дастгоҳҳо пеш омодааст, ту бо ман мерави”?. Ман бошам посух додам, ки ҳоло соат 23-и шаб аст ва хоҳиши баргаштан ба хона ва тамошои ТВ-ро дорам. Он лаҳза дарк намудам, ки Криштиану инсони солим нест. Вақте, ки бо ӯ тамрин мекунӣ  баъдан ӯро эҳтироми бештар хоҳӣ кард, зеро мебинӣ, ки ҳайёти хешро барои футбол қурбон кардааст”, иқрор шудааст Бенатйя. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив