LIVE

Усмон Тошев: "Мо ба футболбози 12-ум ниёз дорем"

Сармураббии мунтахаби кишвар - Усмон Тошев дар нишасти хабарӣ, ки дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, чунин посух дод: 
"Ҳар дастае, ки ба майдон мебарояд бояд ба худ мақсад дошта бошад. Мо тамринҳоро хуб оғоз кардем ва ин бегоҳ охирин тамрини худро пеш аз бозӣ баргузор мекунем. Дар мавриди ҳайати асосӣ ҳоло ман чизе гуфта наметавонам. Ҳайати асосӣ танҳо як соат пеш аз бозӣ маълум мешавад. Мо танҳо барои пирӯзӣ мубориза мебарем. Дар рафти тамринҳо мо мушоҳида намудем, ки рӯҳияи бачаҳо болида аст ва дар байни онҳо ягон нофаҳмӣ нест. Бачаҳои мо пурра ба бозӣ бар муқобили тими Қирғизистон омода ҳастанд. Аз кулли мухлисони тоҷик, ки онҳо дар майдон футболбози 12-ум ба шумор мераванд, даъват ба амал меорам, ки фардо ба Варзишгоҳи марказӣ ташриф оварда, моро дастгирӣ кунанд”. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив