LIVE

Криштиану Роналду беҳтарин футболбози дунё дониста шуд

 Сармураббии тими миллии футболи Португалия Фернанду Сантуш вақти шарҳ додани натиҷаи бозии мунтахаби Португалия дар доираи марҳилаи интихобии чемпионати Аврупо-2020 бар муқобили Литва (5:1)  Криштиану Роналдуро беҳтарин дар олам шуморид. Лозим ба ёдоварист,ки маҳз ддар ҳамин бозӣ ҳамлавари тими миллии Португалия Криштиану Роналду ба задани чор гол ё худ покер даст ёфт.
 “Дар қисми аввали бозӣ мо он қадар бозии дастаҷамъона нишон надодем,маҳз чизеро,ки мунтахаби Литва хостор буд. Мо метавонистем дар қисми аввал рафти бозиро бештар назорат  намоем. Мо дар бозӣ бартарӣ доштем ва аз ин рӯ ғолиб шудем. Аммо кор то ҳол ба анҷом нарасидааст. Ман боварӣ дорам дастаи мо ҳамаи имкониятҳоро дорад, то ки марҳилаи интихобиро бо ишғоли мақоми аввал ҷамъбаст намояд.
Криштиану Роналду-беҳтарин дар олам аст. Ӯ дар ин ҷода далелҳои рушан ва якмаромро пешниҳод намуд.”,-иқтибос меорад аз суханони  Сантуш  A Bola.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив