LIVE

Аввалин бохти бузурги Украина дар футбол

Тими миллии Фаронса дар бозии дӯстона дарвозаи  мунтахаби Украинаро голборон сохт. Дар ин дидори рафиқона фаронсавиҳо ба дарвозаи рақибонашон 7 гол ба самар расониданд. 
Ҳисоб дар аввали вохӯрӣ кушода шуд. Дар дақиқаи 9-ум Эдуардо Камавиня муаллифи гол гашт. Оливйе Жиру голи дуюми мунтахабашро дар номи худ муҳр зад. Дар дақиқаи 34-ум Жиру дубл намуд. Яголи дигари фаронсавиҳоро футболбози украинӣ - Виталий Николенко ба дарвозаи худ зад. Дар дақиқаи 53-юм ягона голи шармшикани мунтахаби Украинаро - Виктор Тсиганков ба ҳадаф расонид.  Дар дақиқаи 65-ум голи панҷумро Толиссо вориди дарвозаи меҳмонон сохт. Дере нагузашта Мбаппе низ исми худро дар феҳристи нафарони голзада сабт кард. Ҳисоби ниҳоиро Антуан Гризманн гузошта, хуллас бозӣ бо ҳисоби 7 бар 1 ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки 12 тан аз бозигарони ҳайати асосии тими миллии Украина бо сабаби ҷароҳат доштанашон ва гирифтори бемории КОВИД-19 шудан, дар ин вохӯрӣ ба майдон набаромаданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив